Вазири корҳои дохилӣ аз марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт дидан кард
Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз марказҳои савдо ва бозорҳо, аз ҷумла аз марказҳои савдои Фурӯшгоҳи Марказӣ (ЦУМ), «Пойтахт — 90» ва «Рӯдакӣ — Плаза», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дидан намуд.
Тавре аз маркази матбуоти ин ниҳод иттилоъ доданд, Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз шароити корӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии марказҳои савдо пурсон шуда, ҳамчунин бо фурӯшандагон ва харидорон оид ба нархи маҳсулоташон ҳамсуҳбат гардид. Савдогарону шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар самти вазъи мӯътадили нархҳо, тинҷию оромӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳ нисбат ба некӯаҳволии мардум изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корбарӣ ва риояи тартиботи ҷорӣ дар баъзе аз марказҳои савдо баъзе камбудиҳо мушоҳида гардиданд, ки онҳо аз ҷониби масъулини соҳа сари вақт бартараф карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






