Вазорати нақлиёт: Ширкати «Ямал» ҳуқуқи фурӯхтани билетҳоро надошт
ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба хабарҳое, ки давоми ду рӯзи охир дар расонаҳои иттилоотии Россия оид ба парвози тайёраҳои ширкати «Ямал» бо хатсайри Жуковкий-Душанбе нашр мешаванд, Раёсати авиатсияи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот қабул кард.
«Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки ширкати «Ямал» бе гирифтани иҷозати парвоз ҳуқуқи фурӯхтани билетҳоро бо хатсайри «Жуковский-Душанбе-Жуковский» надошт. Дар ин бора ба намояндаи ширкати «Ямал» дар Тоҷикистон расман иттилоъ дода шуд. Намояндаи ширкати мазкур дар навбати худ ин иттилоъро ба роҳбарияти ширкат бо мактуб аз 14 декабри соли 2016 расонидааст.
Бо сабаби он ки аз ҷониби Тоҷикистон ширкати дуюми мусофиркашон дар хатсайри мазкур таъйин нашудааст ва бо мақсади нигоҳ доштани баробарӣ (паритет) масъалаи иҷозат додан ба парвозҳои доимӣ ба ширкати «Ямал» дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017 аз имкон берун мебошад.
Масъалаи мазкур ҳоло мавриди танзим миёни сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия қарор дорад»,-омадааст дар изҳорот.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз дар расонаҳои иттилоотӣ хабарҳо дар бораи гӯё иҷозат надодани ҷониби Тоҷикистон ба парвози тайёраҳои ширкатҳои Россия паҳн шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






