Андрей Аршавин беҳтарин бозингари Қазоқистон эълон шуд

Январь 4, 2017 12:28

arshavinДУШАНБЕ, 4.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ ҳамлагари дастаи мунтахаби Россия Андрей Аршавин, ки ҳунарнамоиашро дар ҳайати КФ «Кайрат»-и Алмаато идома медиҳад, беҳтарин футболбози Қазоқистон дар мавсими соли 2016 эълон шуд. Дар ин бора нашрияи «Pro Sports» хабар медиҳад.
«Андрей Аршавин бо ҳунарнамоиаш ба мухлисону мутахассисон писанд омад ва аз ин рӯ дар муайян кардани беҳтарин бозингари чемпионати Қазоқистон баҳсе ба вуҷуд наомад», -овардааст «Pro Sports».
Дар ҳайати дастаи «Кайрат» Андрей Аршавини 35-сола 37 бозӣ гузаронида, 11 маротиба ба задани гол муваффақ шудааст. Яке аз тӯбҳои дар моҳи декабр задааш беҳтарин голи мавсими соли 2016 дар Қазоқистон эътироф шуд.
Андрей Аршавин пештар дар дастаҳои «Зенит»-и Санкт Петербург, «Арсенал»-и Англия ва «Кубан»-и Краснодар бозӣ кардааст.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Россия аз соли 2002 то 2012 дар 75 бозӣ ширкат карда, ба дарвозаи ҳарифон 17 тӯб задааст.

Январь 4, 2017 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа