Ҳаракат ба самти Хуҷанд фаъол ва ба самти Душанбе то ҳол маҳдуд аст

Январь 31, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракат ба самти Хуҷанд фаъол гаштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти кишвар Исмоил Раҳимзода иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, дар айни замон мошинҳо танҳо ба самти Хуҷанд ҳаракат намуда, ҳаракат ба самти Душанбе то ҳол маҳдуд аст.
«Дар айни замон дар роҳҳо беш аз 40 техникаю мошинҳо барои тоза кардани роҳ аз барф кор карда истодаанд. Техника ҳам аз тарафи Душанбе ва ҳам аз ҷониби Хуҷанд ҷалб шудааст. Дар километри 47-ум то 73-юми роҳи Душанбе- Чаноқ барф то ҳол зиёд буда, корҳои тозакунӣ шабонарӯзӣ идома доранд. Худи ҳамин рӯз дар километри 64-ум ва 69- ум боз тарма фаромада, корро дар ин масир вазнинтар кард»,-илова намуд Исмоил Раҳимзода.
Бино ба иттилои Исмоил Раҳимзода, корҳои роҳтозакунӣ аз рӯзи аввали боридани барф роҳандозӣ шудаанд. «Тамоми техника ва мошинҳо бо маводи сӯзишворӣ сари вақт таъмин буда, дар роҳҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст», -илова намуд сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар мавриди эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим хабар дода, аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш кард, то аз сафар ба ин мавзеъҳо муваққатан худдорӣ намоянд.
Дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва боришоти барфи пуршиддат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд беш аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монда буданд. Барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд. Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.
Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Анзоб

Январь 31, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд