Бозиҳо барои ҷоми Валентин Гранаткин идома доранд

Январь 16, 2017 17:45

ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар доираи бозиҳои байналмилалӣ  барои хотира ва ҷоизаи Валентин Гранаткин барои ҷойҳои аз 9 то 12 аз дастаи мунтахаби Белорус бо натиҷаи 6:7 (пеналтии баъдибозӣ) мағлуб шуд. Даста барои ҷойҳои аз 12 то 16-ум бо дастаи мунтахаби Литва имрӯз вориди майдон мешавад.

Вақти асосии бозӣ бо дастаи мунтахаби Беларус бе кушодани ҳисоб ба анҷом расид. Тибқи низомнома ғолибро бо таъйини силсилаи зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ муайян карданд.

Натиҷаи зарбаҳо чунин аст:
Фузайлов (1:0), Хлебосолов (1:0, хато), Сафаров М. (2:0), Ҷугир (2:1), Шарифов (2:1, дарвозабон), Шевченко (2:2), Бобоев  (3:2), Малкевич (3:3), Эҳсони Панҷшанбе (4:3), Волков (4:4), Азимов (5:4), Старостин (5:5), Ханонов (6:5), Садовский (6:6), Сафаров О. (6:6, дарвозабон), Бетеня (6:7)

Мубориза барои ҷоиза ҳамоно идома дорад. Дар бозиҳои ¼ -ниҳоӣ Юнон бар Латвия 8:7 (зарбаҳои пеналтӣ) ва Россия бар Булғория 3:0 ғалаба карданд.

Барои мақомҳои аз 9 то 12 Озарбойҷон бар Эрон бо ҳисоби 1:0 ва Молдова бар Литва бо натиҷаи 4:3 (Пеналтӣ) пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳо  21 январ ҷамъбаст мешаванд.

Январь 16, 2017 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд