Бозии таҷрибавии «Истиқлол» бо КМВА «Помир» 10 январ барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 5.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии таҷрибавӣ ва санҷишии дуюми худро бо КМВА «Помир» дар Варзишгоҳи мараказии ҷумҳуриявӣ 10 январ доир мекунад. Дар ин бора сомонаи клуб хабар медиҳад.
Ин дуюмин бозии таҷрибавии дастаи «Истиқлол» дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мавсими соли 2016 ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба шумор меравад. Дар бозии санҷишии аввал бо дастаи «Ҳосилот» -и Фархор натиҷаи мусовии 2:2 ба қайд гирифта шуд.
«Истиқлол» баъди 17 январ дар идомаи тайёриҳо ба мавсими нав ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунад ва то 31-уми январ бо баргузор кардани чор бозии дӯстонаи байналмилалӣ тайёриро ба мавсими соли 2016 ба анҷом мерасонад.
Алҳол дар бораи тағйирот дар ҳайати даста маълумот дода нашудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






