Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба Туркия сафар кард
ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо мақсади омодагӣ ба мавсими футболи соли 2017 ба шаҳри Анталияи Туркия сафар кард. Ин аввалин сафари даста ба хориҷи кишвар дар соли равон мебошад.
«Истиқлол» дар тамрингоҳу майдонҳои футболи Туркия то 31 январ мемонад ва тибқи нақшаи мураббиён 4 бозии санҷишии худро бо клубҳои гуногун барпо хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки «Истиқлол»-и Душанбе аз 14 марти соли равон дар бозиҳои ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Алай»-и Оши Қирғизистон, «Алтин Асир»-и Ашқободи Туркманистон ва ғолиби бозиҳои плей-офф — «Ҳосилот»-и Фархор, «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон, «Дордой»-и Бишкек ва ё КФ «Балкан»-и Туркманистон қувва меозмояд.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






