Дар 28 маҳаллаи ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ баландгӯякҳои радиои Тоҷикистон насб гардиданд

Январь 24, 2017 11:12

РӮДАКӢ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар 28 маҳаллаи ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ баландгӯякҳои радиои Тоҷикистон насб карда шудаанд. Ба воситаи ин баландгӯякҳо сокинони ҷамоати мазкур Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд. Насби чунин баландгӯякҳо имкон медиҳад, ки сокинон ҳамеша аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ бохабар бошанд.
Дар ин бора муовини раиси ҷамоати шаҳраки Сомониён Муслима Саидмуродова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Мо нуктаҳои асосии Паёми навбатиро дар фаъолияти худ истифода бурда, тасмим гирифтаем, ки дар рӯзҳои наздик тавассути ҳашарҳои умумии сокинон маркази ноҳияро тоза намуда, дар ду тарафи роҳи маркази ноҳия гулҳои гуногуннавъ шинонем»,- иброз дошт Муслима Саидмуродова.

Январь 24, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд