Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи қолинбофӣ ва маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ташкил шуд
РӮДАКӢ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар деҳаҳои Россия ва Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷалби соҳибкорони дохилӣ корхонаи қолинбофӣ ва маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ташкил карда шуд. Дар марказ 25 нафар занону духтарони ноҳия ҳунари қолинбофиро омӯхта истодаанд. Дар ин бора масъули бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти эҳё ва рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ шароит фароҳам оварда, занону духтарони хонанишинро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудааст. Инчунин бобати рушд додан ва омӯхтани ҳунарҳои адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ 2 нафар занони лаёқатманд ба вилояти Суғд фиристода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






