Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати омӯзиши Паёми Пешвои миллат 15 мулоқот доир гардид
ГУЛИСТОН, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри барқчиёни вилояти Суғд- Гулистон ҷиҳати омӯзиш ва шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурўҳи корӣ бо сокинон беш аз 15 мулоқот баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз маркази матбуоти раиси шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ иборат аз 9 нафар аз 11 то 18 январи соли равон бо фаъолони маркази шаҳр ва панҷ ҷамоати шаҳракҳои Гулистон, ҳамчунин ҷомеаи меҳнатии КМ «Апрелевка», Шабакаҳои барқи Суғд, ШСКТХ, ҶСШК «КНФЛ», осоишгоҳи «Баҳористон», урдугоҳи «Шоҳин», намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳамчунин дар доираи эълон гардидани Соли 2017 чун соли ҷавонон дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и маркази шаҳр бо ҷавонони шаҳри Гулистону шаҳракҳои он мулоқотҳои самимӣ ва пурмазмун доир намуданд.
Аъзои гурўҳи корӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан ронда, гуфтанд, ки воқеан Паём навид аз оғози марҳилаи нави рушди кишвар ва ворид гардидани кишвари мо ба марҳилаи нави пешрафту бунёдкориҳо мебошад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






