Дар шаҳри Истиқлол гурӯҳи корӣ нуктаҳои асосии Паёмро миёни аҳолӣ шарҳу тавзеҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки аъзои гурӯҳи кории тарғибгари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сайрам Бақозода-муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳона Одиназода, сармуҳарририи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Дилрабо Насруллоева мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот сокинони шаҳр, ҷавонони ташаббускор, занони фаъол ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ширкат варзиданд. Зимни ҷамъомад меҳмонон роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2016 ва муаррифии афзалиятҳои рушди кишвар дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан гуфта, ба саволҳои сокинони ноҳия ҷавобҳои мушаххас доданд.
Зимни суҳбатҳо оид ба Паёми Пешвои миллат ҷавонони толор хеле фаъолона иштирок карданд. Аз ҷумла, корманди бахши ҷавонони шаҳр Комрон Машарифов, ки тибқи квотаи президентӣ донишгоҳро хатм кардааст, дар Соли ҷавонон ин насли ояндасози давронро ба далерӣ, ватандӯстӣ, ободкорию созандагӣ ва хизмати содиқона ба Ватану Сарвари давлат даъват кард.
Шоира Нодираи Назирӣ дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат аз занону духтарон дар мамлакат сухан гуфт.
Ёдовар мешавем, ки сафари гурӯҳи корӣ то 18 январи соли 2017 ҷиҳати шарҳ додани Паёми Пешвои миллат бо сокинони шаҳри Истиқлол идома меёбад.











Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






