Дастгир шудани гурӯҳи муташаккили ҷиноии фаромиллӣ бо 70 кило маводи мухаддир
ДУШАНБЕ, 04.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалиёти махсус зиёда аз 70 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шуда, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии фаромиллӣ дастгир гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мувофиқи иттилои манбаъ, кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон муайян карданд, ки гуруҳи фаромиллии нашъаҷаллоб, таҳти роҳбарии Камолиддин валади Тутӣ, сокини вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори ҶИА ният доранд тариқи убури сарҳади давлатӣ ба хоки Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддир ворид созанд.
Барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир ба ҳудуди Тоҷикистон кормандони мақомоти амният нақшаи тадбирҳои заруриро таҳия ва амалӣ намуданд,-зикр шудааст дар хабари Маркази робитаҳои ҷамъиятӣ ва ҷараёни минбаъдаи ҳодисаҳо чунин нишон дода шудааст:
Шаби 2 декабри соли 2016 дар яке аз минтақаҳои осебпазири марзи давлатӣ ҳаракати қочоқчиёни мусаллаҳ ба қайд гирифта шуд. Зимни убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби қочоқчиён, задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа Камолиддин валади Тутӣ бо дигар қочоқчиёни афғон бо истифода аз торикии шаб ва мавқеи душвори ҷуғрофӣ ҷониби ҶИА фирор намуданд.
Ҳангоми муқовимати мусаллаҳона дар ҳудуди сарҳад ҳаракати ду мошини шубҳанок ба тарафи ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ба мушоҳида расид.
Фавран гурӯҳи зудамали ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, мошини тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 02-07 РТ 03, таҳти идораи «Ш.Ш.» — сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва «Н.Ҷ.» -истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб боздошт карда шуд.
Зимни пурсиши дастгиршудагон маълум карда шуд, ки ҳаммаслакони ҷиноии онҳо: «С.Д.», сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, «Ш.Қ.», истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, «Г.И.», сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, тавассути мошини тамғаи «Опел», таҳти идораи «Н.Ф.» истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маводи мухаддирро дар 4 борхалта гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни идомаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шахсони зикршуда 4 борхалта воситаҳои нашъадорро дар заминҳои кишти ғалладонаи деҳаи Сафедоби ҷамоати Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ зери кӯпрук пинҳон кардаанд.
3 декабри соли 2016 ҷинояткорон бо истифода аз дучарха борхалтаҳои маводи мухаддирро аз таги хок берун кашида, дар зарфи оҳанини болои боми хонаи истиқоматии сохтмонаш нотамоми раиси хоҷагии деҳқонӣ пинҳон кардаанд.
6 декабри соли ҷорӣ аъзои дигари гурӯҳи ҷиноии ошкоршуда: «Б.Б.» — истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд.
Зимни азназаргузаронии махфигоҳи ошкоршуда 4 борхалтаи калонҳаҷм ёфт гардид, ки аз дохили онҳо 120 бастаи селофанию скочпечи сиёҳу зардчатоби гуногунҳаҷм, бо як халтаи полиэтилении дорои маводи алафмонанди бӯйи махсусдошта дарёфт гардид, ки вазни умумии онҳо 71 килограмму 712 граммро ташкил дод.
Мувофиқи маълумоти ташхиси экспертӣ дар вилояти Хатлон аз ин микдор 67 килограмму 552 граммашро маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 килограмму 640 граммро бангдонаи хушконидашуда ва 1 килограмму 520 грамми боқимондаро афюн ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






