Донишҷӯёни ихтисосҳои туризм барои таҷрибаомӯзӣ ба «Сафед-дара» сафарбар мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» шартномаи ҳамкорӣ баста, минбаъд донишҷӯёни ихтисосҳои туризми донишкадаро барои таҷрибаомӯзӣ ба ин мавзеъ сафарбар мекунад. Бо ин мақсад донишҷӯёни риштаи туризми донишкада аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» дидан намуданд.
Тавре ки аз раёсати донишкада ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шиносоӣ аз чунин маҷмаа дар такмили донишҳои тахассусии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад.
Бино ба иттилои донишкада, мақсад аз сафар ба Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара»- шиносоӣ бо имконияту дастовардҳо дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва варзиши зимистонаи мамлакат буд.
Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар мамлакат буда, дар километри 57-уми шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароитро дорост.
Устодону донишҷӯёни донишкада бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи чорошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ ошно шуда, аз хизматрасонии тамоми таҷҳизоту воситаҳои варзишию дилхушии мавзеъ истифода намуданд.
Дар маҷмаа инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шудаанд.
Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






