Ду рекорди нав дар мусобиқаи «Australian Open» оид ба теннис
ДУШАНБЕ, 18.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар даври якуми мусобиқаи кушоди теннисбозон дар «Australian Open» теннисбози хорватӣ Иво Карлович ва Орасио Себалосаи аргентинагӣ ду рекорди нави мусобиқаро гузоштанд. Дар ин бора сомонаи расмии Australian Open хабар медиҳад. Бозии байни ин теннисбозон 5 соату 14 дақиқа идома ёфта, бо пирӯзии Иво Карлович бо натиҷаи 6:7 (6:8),3:6, 7:5, 6:2, 22:20 ба анҷом расид. Теннисбозон рекорди ин мусобиқаро дар ҳисоби геймҳо тағйир доданд (42, 22:20). Пештар ин дастовард ба бозингарон Энди Роддики амрикоӣ ва Юнус Алайнавии марокашӣ мансуб буд (40, 21:19).
Аз тарафи дигар Карлович дар задани эйсҳо ҳам рекордро дигар кард (75). Ин нишодод қаблан ба теннисбози шведӣ Йоахим Юханссон мансуб буд (51). Ӯ дар муқобили Андре Агассии амрикоӣ ба чунин дастовард муваффақ гардид.
Аз ҳама бозии дарозтарин дар таърихи мусобиқаи Australian Open ба вохӯрии финалии теннисбозон дар соли 2012 миёни Новак Ҷоковичи серб ва Рафаэл Надали испанӣ рост меояд, ки он ба 5 соату 53 дақиқа баробар шуда буд (5:7, 6:4, 6:2, 6:7, 7:5).








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






