Фаъолияти илмии Замира Fаффорова дар маҷаллаи «Қанди порсӣ» дар Ҳиндустон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 4.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як шумораи махсуси маҷаллаи «Қанди порсӣ», ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии ройзании Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ба нашр мерасад, пурра ба фаъолияти илмии доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Замира Fаффорова бахшида шудааст.
Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шумораи махсуси маҷаллаи «Қанди порсӣ» (шумораи №71-72-юми соли 2016) бо номи «Вижаномаи профессор Замира Fаффорова» 22 мақолаи илмии профессор, аз ҷумла «Нуфузи Ҷомӣ дар Шибҳи қораи Ҳинд», «Назаре ба ҳаёти илмӣ-адабии Ҳиндустон дар замони Лудиён», «Арзиш ва аҳамияти ахлоқии насиҳатномаҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ» «Нигоҳе ба мӯҳтавиёт ва вижагиҳои сабкии маснавии «Меҳру Моҳ»-и Ҷамолии Деҳлавӣ», «Нусхашиносии «Сияр-ул-орифин»-и Ҷамолии Деҳлавӣ ва шарҳи нусхае аз он дар Китобхонаи Берлин», «Ривоҷи забони форсӣ дар Кашмир дар қуруни чаҳордаҳум ва понздаҳум», «Вижагиҳои сабки ҳиндӣ дар ашъори шуарои Кашмир», «Шоири рангиннаво» ва «Шинохти Камоли Хуҷандӣ дар Ҳинду Покистон»-ро дар ҳаҷми 505 саҳифа дар бар гирифта, ба хатти форсӣ манзури хонандагон гардонид.
Маҷаллаи «Қанди порсӣ» қариб чил сол мешавад, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ба нашр мерасад ва дар тӯли ин фосила танҳо якчанд шумораи он ба фаъолияти илмии адабиётшиносони фарҳехта, ки бо таҳқиқи адабиёти форсизабони Ҳинд машғул ҳастанд, бахшида шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Замира Ғаффорова аз зумраи олимони сермаҳсул буда, дар миёни адабиётшиносони дохил ва хориҷи кишвар маъруфият дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






