Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдо мебошад
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати рушди онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин нуктаро Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Тадбирҳои амаликунанда имкон доданд, ки то имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) ҷумҳурӣ 70 ширкати ватанию хориҷӣ, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» 27 адад, МОИ «Данғара» 26 адад МОИ «Панҷ» 15 адад ва МОИ «Ишкошим» 2 адад ҳамчун субъект ба қайд гирифта шаванд.
«Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда айни замон 17 ширкат, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» 12 адад, дар МОИ «Данғара» 3 адад ва дар МОИ «Панҷ» 2 адад фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд. Ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизот машғул мебошанд»,-гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






