Фаъолияти шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират санҷида мешавад

Январь 24, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд санҷиши фаъолияти шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин тадбир санҷидани ҳолати коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ ва расонидани кумаки методию амалӣ мебошад. Дар ин радиф масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ низ санҷиш мешаванд.
Гурӯҳи нахустини корӣ ба ноҳияи Зафаробод сафарбар гардид.
Мувофиқи нақша санҷиши фаъолият ва расонидани кумаки амалию методӣ ба шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давоми моҳи феврал низ идома меёбад.

Январь 24, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст