Футбол: ду бозингари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон клубҳои худро дигар карданд
ДУШАНБЕ, 5.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду бозингари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар марҳалаи гузариши зимистонӣ клубҳои худро дигар карданд. Дар ин бора сомонаи «the-afc.com» хабар медиҳад.
Одил Ахмедов, капитани дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки қаблан дар дастаҳои «Пахтакор»-и Тошканд, «Анжи»-и Махачқалъа ва «Краснодар»-и Россия бозӣ мекард, шартномаи худро бо клуби «Шанхай СИПГ»-и Чин ба имзо расонд. Муҳлати шартнома се солро дар бар мегирад. Одил Ахмедови 29-сола дар ҳайати клуби охиринаш-«Краснодар», ки аз соли 2014 бозӣ мекард, дар 101 вохӯрӣ ширкат карда, ба дарвозаи ҳарифон 7 гол задааст. Одил Ахмедов бозингари аз ҳама арзишманди Ӯзбекистон (9 миллион евро) ба ҳисоб меравад.
Ёдрас мешавем, ки дар дастаи «Шанхай СИПГ»-и Чин ҳамлагари собиқи КФ «Зенит»-и Санкт Петербург Халк ҳунарнамоӣ мекунад ва ба он мутахассиси португалӣ Андре Вилаш-Боаш, ки қаблан дастаҳои «Порту», «Интер», «Челси» ва «Зенит»-ро машқ медод, фаъолият дорад. Ба ин даста Оскар низ аз дастаи «Челси» гузаштааст.
Бозингари дуюми дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Санҷар Турсунов аз дастаи «Ворскла»-и Украина ба КФ «Алхаритиёт»-и Қатар гузашт. Аз рӯи маълумоти Transfermarkt КФ «Ворскла» барои ин бозингари ӯзбек 400 000 евро манфиат бардоштааст.
Санҷар Турсунови 30-сола пештар дар дастаҳои «Иртиш», «Волга», «Алания», «Локомотив»-и Тошканд, «Газовик», «Ворскла», «Умм-Салал»-и Қатар бозӣ кардааст.








Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад






