Имрӯз дар ағбаҳои кӯҳӣ туман ва яхбандӣ пешбинӣ мешавад

Январь 24, 2017 10:07

ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 8-12 дараҷа дар назар дошта шудааст. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои алоҳидаи баландкӯҳҳо, хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона ҳарорати ҳаво то 30-35 дараҷа паст мефарояд. Агентии мазкур ҳавои имрӯзаи пойтахтро абрнок пешгӯйӣ карда, аз боридани барф хабардор мекунад. Шабона дар баъзе ҳолатҳо тумани ғафс дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок, дар баъзе минтақаҳо барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 16 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва боридани барф дар назар дошта шудааст. Шабона дар баъзе ҷойҳо тумани ғафс пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа сардӣ то 4 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе минтақаҳо барф ва туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯйӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳо барф ва туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа сард мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ шаҳрвандони ҷумҳуриро хабардор мекунад, ки дар ин рӯзҳо дар ағбаҳои кӯҳӣ туман ва яхбандӣ пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намуда, ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд карда шавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ ва туман бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, ронандаҳо қоидаҳои бехатариро бояд дар роҳҳо ҳатман риоя намоянд.
Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз эҳтимолияти шикастани дарахтон, кандашавии хатҳои интиқоли барқ ва афтодани яхпораҳо аз биноҳои баландошёна бо эҳтиёт бошанд.

Январь 24, 2017 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд