Конфронси илмӣ бахшида ба 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Январь 4, 2017 15:38

ДУШАНБЕ, 04.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи тадқиқоти Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Конфронси илмӣ бахшида ба 25 солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронс аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Департаменти ҳамкории байналмилалии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин бо иштироки Донишкадаи тадқиқоти Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ташкил карда шуд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Донишкадаи тадқиқоти Россия, Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ профессор Ли Юйтсюан ифтитоҳ кард. Дар конфронс муовини сардори Департаменти ҳамкории байналхалқии Академияи илмҳои иҷтимоӣ Ху Лэмин, Ёвари Вазири корҳои хориҷии Чин Ли Хуэйлай, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода, муовини Раиси Ҷамъияти халқии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Сун Тсзинву ва муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн сухан гуфтанд. Ҳама баромадкунандагон аҳамияти калони таърихӣ доштани «Эъломияи муштарак оид ба барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин»-ро, ки 4 январи соли 1992 ба имзо расида буд, таъкид карданд.
Зикр шуд, ки дӯстии таърихан ташаккулёфтаи мардумони ду кишвар дастоварди нодир ба шумор меравад, ки бо он метавон ифтихор кард ва мебояд аз пайи ҳифзу афзунгардонии он шуд.
Дар конфронс коршиносони машҳури чинӣ, олимони донишкадаҳои илмиву тадқиқотии Пекин ва Шанхай, собиқ сафирони Чин дар Тоҷикистон, сафирони Беларус, Қирғизистон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Чин иштирок доштанд. 15 маърӯза бахшида ба вазъи ҳозираи робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, шарокати стратегӣ ва натиҷаву дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин шунида шуд. Конфронс таваҷҷуҳи калонро ҷалб кард ва аз ҷониби намояндагони васоити ахбори оммаи Чин ба таври васеъ паҳн гардид.

Январь 4, 2017 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд