Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба масоили исломшиносӣ, муаррифии шоистаи осори гузаштаи ниёгон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва нақшаи кории худ маҷмӯаи мақолаҳои илмиро зери унвони «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расонид.
Дар маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ҷойгоҳи ислом ҳамчун як унсури муҳими фарҳанги миллӣ дар ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон, таносуби миллият ва диният дар худшиносии миллат, роҳҳои аз тариқи безарар, мусолиматомез ва бо ҳифзи асолати миллӣ ва динӣ гузаштан ба марҳилаи сифатан нави эҳёи фарҳангӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами марбут ба мақом ва нақши ислом дар ҳаёти динӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон таҳлилу таҳқиқ шудаанд.
Маводи китоб барои олимону коршиносони бахшҳои диншиносӣ, исломшиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, таъриху адабиёт, мероси ниёгон ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.

Январь 31, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст