«Манчестер Сити» омода аст Мессиро харидорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 19.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Манчестер Сити»-и Англия омода аст барои харидани ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва КФ «Барселона» Леонел Месси 115 миллион евро ҷудо намояд. Дар ин бора « The Sun » хабар медиҳад.
То ҳол «Манчестер Сити» расман чунин пешниҳод накардааст, аммо зимни гуфтушунид барои ин бозингари 29-солаи аргентинагӣ ин рақамҳо пешниҳод шудаанд.
Агар ин нақша амалӣ гардад, пас дар таърихи футболи ҷаҳон трансфери аз ҳама гаронтарин ба қайд гирифта хоҳад шуд. Тобистони соли гузашта нимҳимоятгари фаронсавии «Ювентус» Пол Погба ба маблағи 105 миллион евро ба дастаи «Манчестер Сити» гузашт ва рекорди гаронтаринро ба номи худ мӯҳр зад.
Месси дар ҳайати дастаи «Барселона» 8 маротиба соҳиби унвони чемпионӣ ва 4 карат барандаи ҷоми ин кишвар гардида, 4 дафъа бо «Барселона» ҳамчун қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Аврупо шинохта шуд. Ӯ дар мавсими соли равон дар 24 бозии «Барселона» иштирок карда, 27 гол задааст ва ҳаммуаллифи 9 голи дигар мебошад.








Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд






