Мутахассисони муғул занони деҳотро бо нозукиҳои коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулот аз он шинос карданд

Январь 31, 2017 15:15

DSC_0022ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар соли сипаригашта 780 зан аз панҷ ноҳияи вилояти Хатлон дар соҳаҳои чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, коркарди шир ва пашм дастгирӣ ёфтанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов иттилоъ дода, зикр намуд, ки дастгирии занони деҳот ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа мебошад.
Ӯ зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 15 гурӯҳи занон оид ба коркарди пашм таъсис дода шуд. Ба занон 2 нафар мутахассиси муғул нозукиҳои коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулот аз онро омӯзониданд.
«Ҳамчунин 13 зан аз оилаҳои камбизоат бо 130 оила занбӯр, таҷҳизот барои парвариши занбӯри асал ва коркарди асал таъмин гашта, соли гузашта 900 кг асал истеҳсол намуданд»,- иброз дошт директори муассиса ва илова намуд, ки дар маҷмӯъ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик зиёда аз 1000 ҷои кори доимӣ таъсис дода шуд.
Боиси тазаккур аст, ки бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии деҳот яке аз самтҳои муҳиме мебошад, ки ҳукумати мамлакат ба он аҳамияти хоса медиҳад. Ин нукта дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷилси Олӣ хеле возеҳу равшан зикр гардидааст.

Январь 31, 2017 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад