Неймар дар садри раддабандии гаронтарин футболбозони ҷаҳон ҷойгир шуд

Январь 17, 2017 17:10

ДУШАНБЕ, 17.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари КФ «Барселона» Неймар аз ҷониби Маркази тадқиқоти байналмилалии варзиш (CIES) дар садри раддабандии гаронтарин футболбозони ҷаҳон ҷойгир шуд. Дар ин бора football-observatory.com хабар медиҳад.
Трансфери футболбози бразилиягӣ Неймар аз рӯи аснод ба 246,8 миллион евро баробар аст. Дар сегонаи аввал ҳамчунин ҳамдастаи Неймар Леонел Месси (170,5 миллион) ва Пол Погба аз «Манчестер Юнайтед» (155,3) ҷойгир шудаанд. Бозингари беҳтарини ҷаҳони соли 2016 дар мавсими гузашта Криштиану Роналду дар ин қатор бо нишондоди 126, 5 миллион евро дар зинаи 7-ум мавқеъ гирифт.
Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Антуан Гризманн («Атлетико»), Луис Суарес («Барселона»), Харри Кейн («Тоттенхэм»), Пауло Дибала («Ювентус»), Деле Алли («Тоттенхэм») ва Эден Азар («Челси») шомил шудаанд.
Маркази тадқиқоти байналмилалии варзиш ин рейтингро аз рӯи ҳунарнамоӣ, дастовард, синну сол, шартномаҳо ва ғайра баҳогузорӣ кардааст.

Январь 17, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд