Неъматулло Ҳикматуллозода: «Дар иқтисодиёт бе илм пеш рафтан душвор аст»

Январь 31, 2017 17:05

DSC_1372 — копияДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳаи иқтисодиёт бе илм пеш рафтан бисёр душвор аст, зеро бояд таҳлилҳои гуногун баргузор карда шаванд ва тамоми самтҳои ҷомеа зери таҳлили мунтазам қарор дода шаванд. Дар ин бора Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазири рушди иқтисод ва савдо инчунин баён дошт, ки барои пешбурди фаъолияти Вазорат ва пешниҳоду таҳияи қарорҳои дахлдори сиёсӣ ҳамкорӣ бо илм дар навбати аввал мебошад ва мо ин ҳамкориро аллакай ба роҳ мондаем.
«Қаблан дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон институти иқтисодӣ буд. Ҳоло чунин институт нест, вале имрӯз мо бо институти иқтисодие, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, робитаи қавӣ дорем. Таҳияи «Стратегияи рушди миллӣ барои давраи то соли 2030»- ро метавон шаҳодати ҳамкории мо номид. Мо бо иштироки бевоситаи олимони барҷастаи ватанӣ дар ин соҳа ин ҳуҷҷатро таҳия намудем»,-гуфт Н. Ҳикматуллозода.

Январь 31, 2017 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст