Нишастҳои матбуотӣ даҳаи аввали моҳи январ оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 03.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2016 аз 9 январи соли равон оғоз шуда, то 6 феврал идома меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки нишастҳои матбуотӣ барои расонаҳои хабарӣ, ВАО, журналистони ватаниву хориҷӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 инҷониб баргузор мешаванд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз натиҷаи фаъолият дар давоми сол ҳисобот дода, ба саволҳои журналистон ҷавоб мегӯянд.
Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, нишастҳои матбуотиро дар толори Маркази матбуотии АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ -40, ошёнаи 2) баргузор мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақти баргузор шудани нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






