Ҷоизаи Иттифоқи журналистон довталабонро интизор аст
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2016 идома дорад. Тавре раиси Иттифоқи журналистони мамлакат З.Исмоилзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, довталабон метавонанд ба бахшҳои матбуот, телевизион, радио ва илмӣ тадқиқотӣ маводи аз 11 марти соли 2016 то 31 декабри соли 2016 таълифнамудаи худро ба Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25, ошёнаи 1 пешниҳод намоянд.
Муҳлати охирини пешниҳоди мавод 17 феврали соли 2017 таъйин шудааст.
Зиннатуло Исмоилзода ҳамчунин изҳор кард, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ дар соли 2016 идома дорад. Ҷоизаи мазкур барои донишҷӯёни факултаҳои журналистии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда, довталабон метавонанд маводи дар давраи аз 11 марти соли 2016 то 31 декабри соли 2016 дар ВАО нашршударо ба Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25, ошёнаи 1 пешниҳод намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар рӯзи матбуоти тоҷик — 11 марти соли 2017 супорида мешавад. Ба ғолибон мукофоти пулӣ, шаҳодатномаи ғолибияти Ҷоиза ва нишони сарисинагии Ҷоиза тақдим карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






