Раиси шаҳри Исфара зимни гуфтугӯи мустақим дар радио сокинони шаҳру деҳотро шунид
ДУШАНБЕ, 3.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода аз тариқи гуфтугӯи мустақими радиоӣ имкон дошт, ки ба арзи сокинони шаҳру деҳоти Исфара гӯш диҳад ва бо онҳо тӯли якуним соат суҳбати самимона биорояд.
Тавре Иқбол Тешаев, котиби матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ҳадафи баргузории гуфтугӯи мустақими радиоӣ-таъмини татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон, вусъати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ, тавзеҳи иқдомоти созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти шаҳр, омӯзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда, ҷонибдории минбаъда аз ташаббускориҳои мардум, муайяннамоии самтҳои афзалиятнок ва тарҳрезии нақшаҳои фаъолият барои соли 2017, дар маҷмӯъ, дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфара мебошад.
Ба иттилои манбаъ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сабабҳои воқеии пурра иҷро нагардидани нақшаи даромади андозҳои давлатӣ, зарурати пешгирии санҷишҳои пайдарпайи фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти назоратӣ, масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави аҳолинишини 11, 12, 13, 14, Сомониён ва шаҳраки Моҳпарӣ, алалхусус ҷиҳати таъминот бо неруи барқ ва оби нӯшокӣ, ба низом овардани ҳолати ҳудуди бозори марказӣ ва роҳҳои атрофи он, расонидани кумакҳои иловагӣ ба осебдидагони офати табиии моҳи августи соли гузашта, сохтмони Неругоҳи ҳароратии «Шӯроб», ба анҷом расонидани навсозии бинои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи мактаби миёнаи №52, ҷудо намудани қитъаи замин барои чойхонаи муосир дар маркази шаҳр, беҳдошти ҳолату сифати хизматрасониҳои тиббӣ, роҳандозии суғуртаи тиббӣ, бознигарӣ ва аз нав мураттабсозии рӯйхати шахсони камбизоати шаҳру деҳот, вусъати раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, роҳҳои саҳмгузории шаҳрвандон дар навсозии гулбоғи Сайфи Исфарангӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни гуфтугӯ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо натиҷабардорӣ аз раванди гуфтугӯи мустақими радиоӣ аз ҷониби дастгоҳи раиси шаҳр нақшаи мушаххаси чорабиниҳо иборат аз 30 банд таҳия ва аз ҷониби раиси шаҳр тасдиқ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






