Роҳҳои Бадахшон ботадриҷ аз барф тоза карда мешаванд
ХОРУҒ, 31.01. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ситоди навбатии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед масъалаи ҳарчӣ зудтар боз намудани роҳҳои дорои аҳамияти байнамилалию маҳаллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Шоми рӯзи 30 январ 100 километри роҳ аз маркази вилоят то деҳаи Ҷелондеҳ аз барфу тарма пок карда шуд ва рафту омади мошинҳои боркашу мусофирбар дуюмбора барқарор гардид.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба роҳсозону дигар ниҳодҳои давлатӣ дастур дод, ки бо истифода аз тамоми таҷҳизоти техникӣ ва неруи корӣ кушиш намоянд, то роҳи Хоруғ- Мурғоб- Кулма ба рӯи мошинҳои боркаш боз гардад. Зеро ин роҳи байналмилалӣ дар ҳамкории минбаъдаи иқтисодии ду давлати бо ҳам дӯст- Чину Тоҷикистон нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ мутобиқи қарордоди тарафайн аз соли гузашта ба ин сӯ гузаргоҳи Кулма дар чаҳор фасли сол бидуни рӯзҳои шанбе ва якшанбе боз аст. Танҳо дар моҳи январи соли равон аз тариқи ин роҳ аз давлати Чин ба қаламрави Тоҷикистон 331 мошини боркаш ворид шуданд, ки маблағи молу колои интиқолёфта наздик ба 10 миллион долларро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки 225 адад аз ин мошинҳо ба ширкатҳои нақлиётии ҷумҳурӣ тааллуқ доранд.
Роҳсозон қавл доданд, ки то шоми 31 январ роҳи мошингарди Хоруғ- Душанберо аз барфу тарма комилан пок намуда, ҳаракати мошинҳои боркашу мусофирбарро аз сари нав барқарор месозанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






