Тоҷикистон имкон дорад дар татбиқи «Чашмандоз-2030»-и Саудӣ саҳм гузорад
ДУШАНБЕ, 24.01.2016./АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммад ал- Мазият, муовини вазири молияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ал-Риёз матраҳ гардид.
«Мо аз сатҳи муносиботи дуҷониба бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қаноатманд ҳастем ва баҳри таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратӣ омодагӣ менамоем» — гуфт Шукурҷон Зуҳуров. Мавсуф афзуд, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ба густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ равона гардидааст. Дар ин росто аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишварамон талош менамоем, то пайванди ҳамзистиву ҳамкорӣ ва равобити ҳасанаи кишварамонро бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба нафъи мардумонамон тақвият бахшем.
Ш.Зуҳуров иброз дошт, ки Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои фаровони табиӣ, обию энергетикӣ ва инсонист ва метавонад дар татбиқи амалии «Чашмандоз 2030»-и Саудӣ саҳми намоён гузорад. Дар ин маврид қабл аз ҳама сохтмони неругоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор, истифодаи муштараки захираҳои бузурги оби ошомиданӣ ва маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон мавриди зикр аст.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷалби сармояи Саудӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан сармояи Фонди Саудии рушд дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон табодули назар намуданд. Ниҳоди мазкур аз созмонҳои молиявии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ буда, дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои рушди Тоҷикистон тариқи ироаи қарзҳои дарозмуҳлат саҳмгузор аст. Таъкид шуд, ки баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки соли равон дар Ал-Риёз доир мегардад, ба густариши равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мусоидат менамояд.
Муовини вазири молияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ал- Мазият иброз дошт, ки Фонди Саудии рушд дар оянда низ ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият медиҳад.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






