Шоми мусиқии Фирӯз Баҳор дар Берлин
ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар виллаи Швартсшеи Берлин шоми мусиқии бастакори овозадори тоҷик Фирӯз Баҳор баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, барномаи мазкур дар феҳристи барномаҳои фарҳангии шаҳри Берлин дохил гардида, барои шунидани оҳангҳои ин бастакори шинохта меҳмонон ва сокинони пойтахти Олмон- шаҳри Берлин, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва аҳли фарҳанг ҷамъ омаданд.
Бастакор Фирӯз Баҳор дар оғози барнома оид ба фаъолият ва эҷодиёти худ, оҳангҳои офаридааш ба иштирокчиён маълумот дода, бо ифтихори баланд аз фарҳангу мусиқии тоҷик ба ҳозирин нақлҳои хотирмон кард. Дар барномаи мусиқӣ Фирӯз Баҳор, аз ҷумла офаридаҳои худ «Мақоми Ироқ», «Суруди баҳор» ва «Мароканд», инчунин аз эҷодиёти бастакорони машҳури олам асарҳо иҷро намуда, хотири ҳозиринро шод намуд.
Дар анҷоми шоми мусиқӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба устод Фирӯз Баҳор барои ин шоми хотирмон изҳори миннатдорӣ намуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






