Шумораи аввалини рӯзномаи «Салом оянда» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 04.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози Соли нави мелодӣ шумораи аввалини рӯзномаи «Салом оянда» рӯйи чоп омада, дастраси хонандагон гардид. Дар ин бора аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
«Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Салом оянда» тасмим дорад, ки ҳамкориро бо устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва берун аз он тақвият бахшида, барои пурмазмуну шавқовар гардидани саҳифаҳои рӯзнома аз тамоми имкониятҳо истифода барад»,-хабар доданд аз марказ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳи одобу ахлоқ ва ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ тарбия намудани онҳо ва бедор намудани шавқу завқи онҳо барои эҷодкорию навҷўӣ нашр мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






