Соли 2016 барои энергетикҳои кишвар соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда буд
ДУШАНБЕ, 31.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи /ШСХК/ «Барқи тоҷик» дар соли сипаригардида беш аз 14,4 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд. Бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои бахши энергетикии кишвар Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» 31 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки соли 2016 кормандони бахши энергетикаи кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, зеро дар ин сол дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Яке аз онҳо ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 300 МВт мебошад.
Мирзо Исмоилзода зикр кард, ки истеҳсоли беш аз 4 миллиард кВт соат неруи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» дастоварди назаррас аст, зеро дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 дар ҳаҷми 13 миллион кВт- соат зиёд мебошад. Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон дар соли гузашта беш аз 300 ҳазор Гкалл энергияи гармӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2015 зиёда аз 26 ҳазор Гкалл афзудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






