«Суди рафиқона» оилаҳои дар арафаи ҷудошавӣ қарордоштаро ба созиш меорад
ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо мақсади солимии оила ва маърифатнокии аъзои он маҳфилҳои «Мактаби модарон», «Гурӯҳи мушоҳидон» ва «Суди рафиқона» ташкил карда шудаанд, ки аз занони фаъол, собиқадорон ва раисони Шӯрои занони маҳаллаҳо иборат мебошанд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз ташкили гурӯҳҳо баланд бардоштани маърифати занон, додани маслиҳатҳои муфид барои духтарону навхонадорон, омӯзонидани дарси одоби оиладорӣ ва маърифати рӯзгордорӣ мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, аъзои «Мактаби модарон» бо навхонадорон ва ҷавонон дар мавзӯъҳои мухталиф ва ҳалталаби ҷомеа суҳбат намуда, онҳоро ба оиладорӣ, тарбияи неки фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон ҳидоят менамоянд. «Гурӯҳи мушоҳидон» аз ҷараёни зиндагӣ ва оиладории сокинони маҳаллаҳо огоҳ шуда, дар сурати нофаҳмӣ дар оилаҳои осебпазир корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Аъзои «Суди рафиқона» оилаҳои дар арафаи ҷудошавӣ қарордоштаро ба созиш меоранд.
Гурӯҳҳои мазкур дар ҳамаи ҷамоат ва шаҳракҳои ноҳия ташкил шуда, аъзои онҳо барои пешгирии никоҳи хешутаборӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, пойдории оилаи солим ва унсурҳои асосии оилаҳои намунавӣ аҳамияти махсус зоҳир менамоянд.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






