Таъмири наздик ба 230 км роҳ дар ноҳияи Б.Ғафуров дар соли 2016

Январь 21, 2017 10:27

Б.ҒАФУРОВ, 21.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригаштаи 2016 дар миқёси ноҳияи калонтарини вилояти Суғд- Бобоҷон Ғафуров дар самти таъмир ва ободонии роҳҳо ҳолати наздик ба 230 км роҳҳои ноҳия беҳ карда шуд.
Тавре раиси ноҳия Зариф Назирӣ 19 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, соли 2016 аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои соҳибкорон ва аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 227,1 км роҳҳои ноҳия таъмир шуданд.
Аз ҷумла, 16,8 км роҳҳо пурра мумфарш, 156,5 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бо асфалт бароварда шуда, зиёда аз 53,9 км роҳ шағалпӯш карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, баҳри амалишавии корҳои мазкур аз буҷаи маҳаллӣ зиёда аз панҷ миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Январь 21, 2017 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст