Тарҳи нави бозии шоҳмот пешниҳод шуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Александр Кочергин аз Қазоқистон тарҳи нави бозии шоҳмотро ихтироъ карда, масоҳати тахта ва шумораи мӯҳраҳои онро зиёд кард. Дар бозӣ шоҳ ва малика ширкат менамоянд. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.
«Ба ҷои 64 хоначаи пешина шоҳмотбозони Қазоқистон ақлронии худро дар 100 хонача тамрин медиҳанд. Шумораи мӯҳраҳо низ аз 32 ба 40 адад расонида шудааст. Александр Кочергин ин навгониро ба номи худ сабт (патент) кардааст» -хабар доданд аз акимати (ҳокимияти) вилояти Қазоқистони шарқӣ.
Аз рӯи баёнияи ихтироъкор бозии анъанавии шоҳмот дар ҷаҳони муосир ба ноилоҷиву сарбастагӣ рӯ ба рӯ шудааст. «Компютер дар бозии шоҳмот аз шоҳмотбозони беҳтарин пеш гузаштааст ва ҳаракатҳо аз ҳама ҷониб омӯхта ва аз худ карда шудаанд», — гуфтааст Александр Кочергин.
Аз рӯи баёни ӯ, алҳол бозии компютерии шоҳмот бо 100 мӯҳра сохта нашудааст. Александр афзудааст, ки дар компютер бозии нав вуҷуд надорад, стратегия ва тактикаи он то ҳол эҷод нашудааст.
Дар бозии нави шоҳмот шоҳ ва малика ба марг гирифтор намешаванд, балки онҳо ҳукмрониро идома медиҳанд. Чӣ тавр, инро баъди дар амал ҷорӣ шудани ин бозӣ хоҳем дид.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






