Таснифоти даҳгонаи универсалӣ асоси фаъолияти китобдорист
ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Давраи омӯзишии «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» (ТДУ) дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки аз 24 майи соли 2016 оғоз шуда буд, ба анҷом расид. Дар ин муддат кормандони Китобхона оид ба ҷадвали даҳгонаи универсалӣ, таърихи пайдоиш ва тарзи рақамгузорӣ донишҳои амалии худро мукаммал карданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо ба толибилмон асосан дар бораи соҳаҳои муҳим, ба монанди идоракунии давлатӣ, маъмурӣ, маҳаллӣ, геология, кимиёи органикӣ, маъданшиносӣ, уқёнусшиносӣ, метеорология, табиатшиносӣ, кимиёи биологӣ, зоология, соҳаҳои тиб, беҳдошт, фармакология, паталогия, техника, умури муҳандисӣ, мошинсозӣ ва ғайра маълумот дода шуд.
Ҳамзамон мавзӯъҳои ҷудогона дар бораи техникаи ҳастаӣ, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ, санъати тасвирӣ, санъати бофандагӣ, ҳайкалтарошӣ ва мусиқӣ омӯзонида шуданд.
Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ба ширкаткунандагон сертификатҳои хатми давраи омӯзишии «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






