Тоҷикону қирғизҳои муқими ноҳияи Мурғоб суннату ҳунари ҳамдигарро меомӯзанд
ХОРУҒ, 24.01 2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Мурғоб се корхонаи хурди бофандагию дӯзандагӣ фаъолият мекунанд, ки аз маҳсулоти маҳаллӣ, ба мисли пашму пӯсти бузу гӯсфанд ва қутос ҳар гуна маҳсулот истеҳсол намуда, ба фурӯш мегузоранд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Раҳима» Чинаргул Алибаева, ки ин корхонаҳоро бо маҳсулоти хом таъмин мекунад, изхор дошт, ки то замони истиқололияти давлатӣ нафарони кам ба бофандагию дӯзандагӣ машғул буданд.
«Қариб буд, ки тамоми ҳунарҳои дастии тоҷикону қирғизҳоро аз даст медодем. Дар ҳоле, ки ниёгони мо ин ҳунарҳоро ҳазорон сол ҳифзу нигаҳдорӣ намуда, то ба насли мо расондаанд. Акнун вазифаи мо ба насли имрӯзу фардо расондани он аст»,-гуфт Чинаргул Алибаева.
Ба гуфтаи як тан аз коргарони корхонаи бофандагӣ Саломат Турдиқулова, ороишот, рамзу нигораҳое, ки онҳо рӯи матоъ дарздӯзӣ мекунанд ва ё дар ҷӯроб, дастпӯшаку рӯймол мебофанд, як қисми он моли тоҷикони кӯҳистон аст. Вақте нигораҳои ин ду миллатро ба ҳам омезиш медиҳем, хеле зебову ҷолиб ба назар мерасанд. Мизоҷони маҳаллӣ ва сайёҳони хориҷӣ ба чунин маҳсулот таваҷҷуҳи бештар доранд.
Чунин корхонаҳои хурд дар ҷамоатҳои ба номи Гожо Бердибаев, Қарақул, Рангкӯл ва Аличул низ фаъолият доранд, ки дар ҳар яке аз ин корхонаҳо аз 10 то 15 нафар занон кор мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






