Усмон Қаландаров: «120 нафар хатмкардаи донишкадаву донишгоҳи Москваю Беларусро бо кор таъмин кардем»
ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2016 дар корхонаҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» як қатор вагонҳои боркаш ва мусофирбар аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ин нуктаро имрӯз, 24 январ Усмон Қаландаров, муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Номбурда инчунин зикр кард, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо дар давоми соли сипаригардида таъмири хатти роҳ гузаронида шуда, корҳои сохтмони асосӣ ба анҷом расиданд.
«Тайи чанд сол аст, ки дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ амал мекунад. Аз оғози барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои роҳи оҳан зиёда аз 120 нафар хатмкардагони Донишкадаи муҳандисони нақлиёти шаҳри Москва ва Донишгоҳи давлатии Беларус дар корхонаву муассисаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо ҷойи кор таъмин карда шуданд»,- гуфт Усмон Қаландаров.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






