Вазоратҳои адлия, саноат ва технологияҳои нав, КВД «Тоҷикагролизинг» рӯзноманигоронро ба нишаст даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 24 январи соли 2017 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷикагролизинг» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони сохторҳои мазкур омодаанд, ки ба суолҳои хабарнигорони ВАО оид ба дастоварду камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 посух бигӯянд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 08-30 дар бинои Вазорати мазкур, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» ва КВД «Тоҷикагролизинг» соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






