13 феврал — Рӯзи байналмилалии радио. «FM Ховар»-мавҷе, ки нур ва сурур дорад…

Февраль 13, 2017 14:58

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 13 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии радио таҷлил мегардад. Ин сана аз ҷониби ЮНЕСКО дар 36-умин Конфронси Ассамблеяи Генералии СММ 3-юми ноябри соли 2011 қабул гардид. Ҷашнгирии ин рӯз ҳамчун рӯзи ҷаҳонии радио аз тарафи Шоҳигарии Испания пешниҳод шуда буд. Дар ҳақиқат радио воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рўзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсиаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат, дўстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Дар Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 бори аввал радио ба фаъолият оғоз кардааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидааст, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.
Дар миёни радиоҳои фаъолиятбаранда дар қаламрави Тоҷикистон, яке аз ҷавонтарини онҳо ин Радиои «FM Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» мебошад. Он 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №285 таъсис ёфтааст. Нахуст садои Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он пахш гардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ, фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд. Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи ин радио он аст, ки Радиои «FM Ховар» нахустин радио дар Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www. Khovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳо қарор гирифт.
Инак бештар аз 5 сол аст, ки садои Радиои «FM Ховар» дар баробари дигар расонаҳо, фазои иттилотии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои ҷолибу рангин пур мекунад. Дар радио дар як шабонарӯз аз 35 то 40 нашри «Хабар», гузоришҳои фаврӣ, барномаҳои зиёди таҳлилӣ, сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ пешниҳоди шунавандаҳо гардонида мешаванд.

Саидҷаъфар АШӮРЗОД,

директори Радиои «FM Ховар»

Февраль 13, 2017 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд