Адолат Абдураҳмонзода: «48 вазорату идора миёни ҳам бо алоқаи интернетӣ пайваст карда шудаанд»
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2016 зиёда аз 8 миллион нафарро ташкил додааст. Ин нуктаро Адолат Абдураҳмонзода, муовини аввали Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Адолат Абдураҳмонзода дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки аз 8 миллиону 681 ҳазору 92 нафар муштариёни алоқаи мобилии ҷумҳурӣ 4 миллиону 416 ҳазору 578 нафар муштариёни фаъол мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, шумораи муштариёни умумии алоқаи маҳаллӣ 430 ҳазору 504 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 145 ҳазору 633 адади он истифодабарандагони фаъоланд.
Инчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки баҳри дар амал татбиқ кардани сиёсати Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ 48 вазорату идораҳо миёни ҳам бо алоқаи интернетӣ пайваст карда шудаанд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






