Ғалабаи «Равшан» бар «Кӯктош» ва натиҷаи мусовии «Ҳосилот» ва «Хуҷанд» дар даври дуюми бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ

Февраль 16, 2017 10:37

ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии пойтахт дирӯз бозиҳои даври дуюми гурӯҳи «А» бо ғалабаи «Равшан» бар «Кӯктош» ва мусовии «Ҳосилот» бо «Хуҷанд» ҷамъбаст гардиданд.
Дар вохӯрии байни дастаҳои «Равшан» ва «Кӯктош» тақдири бозиро ягона голи задаи Саидхони Амрохон дар дақиқаи 39 ум ба фоидаи «Равшан» ҳал намуд.
Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Хуҷанд» бо нишондоди 1:1 бозиашонро мусовӣ ҷамъбаст карданд. Голҳоро Наврӯз Рустамов (21, «Ҳосилот») ва Манучеҳр Ахмедов (85, «Хуҷанд») ба нишон расониданд.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки 21 феврал дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар доираи бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Дордой» бозии аввали худро барпо мекунад, дуюмин натиҷаи мусовиро дар бозиҳои Ҷоми ФФТ ба даст овард. «Ҳосилот» дар даври аввал низ бозиро бо «Равшан» (1:1) мусовӣ карда буд.
Бозиҳои охирин дар гурӯҳи «А» 17 феврал бо рақобати «Ҳосилот» — «Кӯктош» ва «Равшан» — Хуҷанд» ба охир мерасанд.
Имрӯз вохӯриҳои даври дуюми Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «Б» гузаронида мешаванд. «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳулбук» (14:30) ва «Истиқлол» бо «Ашт» (17:00) қувва месанҷанд.
Ҷадвали гурӯҳи «А» баъди ду давр чунин аст:

Б Ғ М Б Т/т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 2 1 1 0 2-1 4
2 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 0 1 1-1 3
3 «Ҳосилот» (Фархор) 2 0 2 0 2-2 2
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 0 1 1 1-2 1

Февраль 16, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид