Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозиҳо дар ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қароргоҳи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозиҳо дар ҳолатҳои фавқулода (гурӯҳи РЕАКТ) таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои такмили механизмҳо оид ба муайян намудани меъёрҳои расидани зарари молу мулк ва ашёи шахсони воқеии зарардида дар натиҷаи офатҳои табиӣ, татбиқи чораҳо оид ба омодагӣ ва вокуниш ба нақшаи вокунишӣ, созишномаи гумрукӣ ва татбқи он баррасӣ гардиданд ва иштирокчиён нақшаи кори Гурӯҳи РЕАКТ-ро барои соли 2017 баррасӣ ва қабул карданд.
«Мақсади ҷаласа он аст, ки ҳангоми рух додани ин ё он ҳолати табиие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад ва мардуме, ки дар ин ҳолатҳо зарар мебинанд, ба онҳо кумак расонида шавад»,- гуфт Умеда Юсупова, сардори маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гурӯҳи РЕАКТ аз соли 2001 инҷониб фаъолият дорад ва ҳамоҳангсози он Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






