Артиши миллӣ — кафолати давлатдорӣ
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 24-умин солгарди ташкили Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов дар мавзӯи «Артиши миллӣ- кафолати давлатдорӣ» конфрони илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ректори Донишкадаи мазкур, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров зимни табрики ҷамъомадагон гуфт: «Ташкили Артиши миллӣ рукни муҳими давлатдорист. Ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол ривоҷу равнақ меёбад. Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукаммал мегардад».
Зикр гардид, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби мардонагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. «Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки ин яке аз ин рукнҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад»,- иброз дошт ректори донишкада.
Дар фарҷоми конфронс донишҷӯёни факултаи омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар майдончаи ҳарбии донишкада гузашти низомӣ доир намуданд.













Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






