Аз он сӯи футбол. Месси барои худ оромӣ харид
ДУШАНБЕ, 10.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳуҷумкунандагони беҳтарини дунё ва клуби футболи «Барселона» Леонел Месси, ки оромиву хомӯширо дӯст медорад, барои аз ҳамсояҳои сермағали худ халос шудан хонаи онҳоро харидорӣ кард. Дар ин бора ҳамдастаи ӯ Иван Ракитич дар «Bleacher Report» хабар медииҳад. «Вақте ки Месси дар наздикии шаҳри Барселона- Кастелдефелсе хона харид, ба ҳамсояҳои сермағал гирифтор шуд. Дар натиҷа барои аз онҳо халос шудан ӯ хонаи онҳоро харид, то ором зиндагӣ кунад»,-гуфтааст Ракитич.
Дар бораи арзиши хона маълумот нарасидааст.
20 январ хабаре интишор шуд, ки Мессии 29-сола футболбози маошаш аз ҳама баландтаринро дар ҷаҳон ба худ моил хоҳад кард. Дар ин бора роҳбарияти КФ «Барселона» шартномаи нави худро бо Месси то давраи анҷом додани карйераи футболбозиаш омода кардааст ва падари Месси алакай ба Барселона барои бастани шартнома ҳозир шудааст.
Айни замон Месси дар як ҳафта 316 ҳазор евро (338,5 ҳазор доллар) маош мегирад ва маоши баландтарин ба ҳамватани ӯ Карлос Тевес тааллуқ дорад ( 615 ҳазор фунт стерлинг=763,3 ҳазор доллар дар як ҳафта).








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






