Баррасии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Исфара
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд тадбирҳои муштараки маърифатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва филиали ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» оғоз гардиданд. Вохӯрии нахустин дар ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара баргузор шуд, ки дар он намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ бештар ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ, тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро диққат дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






