«Бавария» ва «Реал» дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо қадаме ба пеш гузоштанд

Февраль 16, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Бавария»-и Олмон ва «Реал»-и Испания баъди вохӯрии аввалашон дар рақобатҳои 1/8-ниҳоӣ дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо қадаме ба пеш гузоштанд.
«Бавария» дирӯз дар варзишгоҳи «Алянтс- Арена» дар ҳузури 70 000 тамошобин клуби футболи «Арсенал»-и Англияро бо натиҷаи 5:1 шикаст дод ва шармсор кард. То ҳол ягон маротиба «Арсенал» дар муқобили «Бавария» ба даври минбаъда роҳхат нагирифтааст. Дар ин вохӯрӣ Арйен Роббен (11), Роберт Левандовски (53) ва Томас Мюллер (88) муаллифи якголӣ ва Тяго Алкантара (56, 63) муаллифи ду гол шуданд. Аз дастаи «Арсенал» ягона голро Алексис Санчес (30) ба ҳадаф расонд.
«Реал» дар майдонаш «Наполӣ»-и Италияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард, аммо натиҷаи бозии ҷавобӣ метавонад барои яке аз клубҳо тақдирсоз бошад.
Бозиҳои ҷавобӣ 7 март барпо мегарданд.

Февраль 16, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид