Беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии нафақагирон аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат аст

Февраль 1, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандон бо Прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Холиқзода ҷиҳати шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид .
Тавре аз Агентӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паём, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, мақому манзалати зан дар ҷомеа, мубориза ба муқобили коррупсия, пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни шаҳрвандон ва сиёсати дарҳои кушода шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Усмоналӣ Холиқзода Паёмро барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида, зикр намуд, ки ҳадафи аслии Паёми Пешвои миллат- ин ба вуҷуд овардани шароити арзанда барои зиндагии сазовори инсон дарТоҷикистон буда, моро имрӯз зарур аст ҳар як нуктаи онро дар фаъолияти худ мавриди амал қарор диҳем.
Муовини якуми директори Агентӣ Назокат Одиназода иброз дошт, ки дар Паём дар назди кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ вазифаҳои муҳим ва мушаххас оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар гузошта шудаанд.
Беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии нафақагирон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо низ дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид гардидааст. Ин кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ намудани бандҳои мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Февраль 1, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд