Бонки миллии Тоҷикистон фишанги нави сиёсати пулию қарзиро ҷорӣ намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати тағйир додани меъёри бозтамвил ба андозаи 1,5 банди фоизӣ ва муқаррар намудани он дар сатҳи 12,5 фоиз қарор қабул намуд. Дар ин бора аз БМТ иттилоъ доданд.
Қарори мазкур бо назардошти таҳлили вазъи иқтисоди берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррум дар сатҳи муътадил қабул гардид.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон инчунин қарорро доир ба аввалин шуда ҷорӣ намудани фишанги нави сиёсати монетарӣ, амалиёти кӯтоҳмуддати бозтамвил, қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва муқаррар намудани меъёри фоизии фишанги мазкур дар сатҳи меъёри бозтавил ҷамъ +4,0 банди фоизӣ ба тасвиб расонид.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии ҷорӣ намудани механизми қарзии мазкур аз таъмини самараноки сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо иборат аст.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






